- кор
- I[کار]1. асоси замони ҳозира аз коштан, киштан ва коридан2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маъноҳои коранда ва кишткунанда: ғаллакор, пахтакор, риёкор, хилофкор…II[کار]1. амалиёти табдил ёфтани як шакли энергия ба шакли дигар, амал2. он чи ки касе ба он машғул аст, шуғл, пеша; кори дастӣ а) амале, ки ба воситаи даст ва умуман бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ ба ҷо оварда мешавад; б) маҳсуле, ки аз дасти косибу пешаварон мебарояд; муқоб. кори корхонагӣ3. он чи аз касе содир мешавад, рафтор, кирдор: ин кори ӯ кори хуб нест4. хизмат, ҷои хизмат, вазифа; машғулият5. супориш ё масъалае, ки иҷро ва ҳалли он ҳамчун яке аз шаклҳои санҷиши дониши мактабиён ба ҳисоб гирифта мешавад: кори дипломӣ, кори санҷишӣ, кори курсӣ; дар сари кор дар маҳалли иҷрои амале; дар аснои адои хизмат ва вазифа; кор доштан а) машғул будан, ба иҷрои амал ё вазифа банд будан; б) маҷ. бо касе муомила доштан; бо муҳимме ба касе рӯ овардан; кор кардан а) бо амале машғул шудан, меҳнат кардан; б) киноя аз таъсир бахшидан, асар кардан; кор карда баромадан а) шудгор кардан, нарм кардан ва ғизо додани замини кишт; тайёр кардани замин барои киштукор; муқ. коркард 3; б) омӯхта, таҳлилу тадқиқ намуда, кашф кардани назарияе (қонуне); ихтироъ кардан; кор барор гирифтан пеш рафтани амале, авҷ гирифтани коре, муваффақият пайдо кардани кори касе; кор боло гирифтан // кор боло рафтан ниг. кор барор гирифтан; кор буд шудан а) ба итмом расидани коре, анҷом пазируфтани амале; б) киноя аз рафъ шудани эҳтиёҷи касе; аз кор баровардан а) аз вазифа озод кардан; б) киноя аз фарсуда кардан, ба ҳолати корношоямӣ расонидан, монда кардан; аз кор баромадан а) аз кор фориғ шудан; б) киноя аз фарсуда шудан, маҷолу тавоноии иҷрои кореро надоштан; в) маҷ. вайрон шудан, ғайри қобили истифода шудан; аз кор мондан а) кор накардан, аз ҳаракат бозистодан (-и муассиса ё мошин); б) маҷ. қобилияти корро гум кардан (аз заъфи пирӣ ва ғ.); аз кор холӣ шудан сабукдӯш шудан, маъзул шудан, дур карда шудан аз вазифае; ба кор даромадан а) дар ҷое ба хизмат дохил шудан; б) ба ҳаракату фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ кардан (-и корхонае); кори калон бисёр хуб, ниҳоят олӣ; кори сиёҳ меҳнати ҷисмонӣ (дастӣ)-и коргари беихтисос; кори хайр амри нек, кори савоб (мас., издивоҷ, тӯй ё ягон маъракаи дигар); кору бор // кору кочол ҳар хел корҳо, машғулиёт; шуғл; аз афти кор а) чунон ки аз рафти масъала дида мешавад…; б) шояд, эҳтимол; кори касе афтодан (ба касе) сару кор доштан бо касе; дар ҳалли масъалае эҳтиёҷманд шудани касе ба касе; кор афтодан ба сари касе ҳодисае пеш омадан, воқеае рӯй додан (бештар ногувор); кор додан лозим шудан; эҳтиёҷи касеро баровардани чизе; кор надоштан а) мудохила накардан ба кори касе; эътибор надодан, бепарво будан нисбат ба коре; корро пухтан (пазондан) масъаларо ҳаллу фасл кардан, дар масъалае бо касе ба қарори муайяне омадан; кор фармудан а) ба касе иҷрои вазифаеро супурдан, касеро ба иҷрои вазифае водоштан; б) чизеро истифода кардан, ба кор бурдан; кор аз даст рафтан // кор аз кор гузаштан истифода нашуда мондани фурсати муносиби иҷрои амале, мавриди мувофиқи коре бар бод рафтан; кори касеро (чизеро) тамом кардан касеро нобуд кардан; чизеро аз байн бурдан; ба кор андохтан ба иҷрои шуғле водоштан касеро; ба ҳаракат даровардан, амалкунанда намудани чизе; ба кор бурдан а) истифода бурдан, кор фармудан; ба кор омадан лозим шудан, даркор шудан; ба дарди касе даво шудан; ба рӯи кор омадан ба сари ҳокимият омадан, роҳбарии идораеро ба даст гирифтан; пул кор кардан меҳнат карда пул ба даст овардан, пул ёфтан; сару кор доштан а) машғул будан бо амал ё вазифае; б) муомила доштан бо касе; чашми корро донистан дар шуғлу амал маҳорат доштан; коре карда илоҷе карда, чорае андешида…; ба ҳар восита6. маҷ. вазъият, аҳвол; кор чатоқ // кор хӯрҷин гуфт. вазъияти хеле бад, аҳволи бад7. маҷ. ҷанг, муҳориба; кору пайкор задухӯрд, муҳориба8. маҷ. марг, аҷал; кор шудан ба ҳоли баду табоҳ афтодан; хеле ранҷу озор дидан; кор тамом шудан гуфт. харобу табоҳ шудани аҳволи касе, вазъияти касе бад шудан, марги касе даррасидан; муқ. кори касеро тамом кардан; ягон кор кардан илоҷе ёфтан, чорае андешидан; ба навъе роҳи ҳалли масъалаеро пайдо кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.